LIVE

Рақиби сеюми «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳо маълум гашт

Исми чорумин иштирокчии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А», ки дар он «Истиқлол»-и Душанбе баромад мекунад, маълум шуд.
Пас аз ҷамъбасти бозии плей-офф байни дастаҳои «Шарҷа» (АМА) ва «Ал-Завраа» (Ироқ) иштирокчии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар зергурӯҳи «А» муайян шуд. Ба дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Шарҷа»ҳамроҳ гашт, ки рақибро дар силсилазарбаҳои пеналти  шикаст дод - 6:5  (вақти асосӣ 1:1). 
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар чаҳоргонаи “А” бо ширкати қаҳрамони Тоҷикистон аз 8 то 27 апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив