LIVE

Голи футболбози 18 сола ба МЮ ғалаба овард

Шоми 3-юми ноябр бозиҳои ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо оид ба футбол баргузор шуданд.  «Манчестер Юнайтед»-и Англия бар «Реал Сосйедад» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.  Голи ягона ва ғалабаро манкунииён дар дақиқаи 17-ум заданд.  Партофти Криштиану Роналдуро нимҳимоятгари 18-солаи аргентинии «Манчестер Юнайтед» Алехандро Гарначоро хуб истифода карда, голзанӣ кард.  Барои футболбози ҷавон ин аввалин  бозӣ ва аввалин гол дар ҳайати асосии тим мебошад. «Манчестер Юнайтед» бо 15 имтиёз дар гурӯҳи «Е» дувум шуд. Дар ҷои аввал «Реал Сосйедад» аз рӯи фарқияти тӯбҳо боқӣ монд. Баскхо 10 туб зада, ду туб сардодаанд, ҳол он ки фарқияти тӯбҳои  дастаи Эрик тен Хаг 10:3 мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив