LIVE

Роналду бадтарин бозигари «Манчестер Юнайтед» бар зидди «Реал Сосйедад»

Криштиану Роналду аз рӯи маълумоти портали WhoScored дар бозӣ бар муқобили «Реал Сосйедад» байни ҳамаи бозингарони «Манчестер Юнайтед» аз ҳама пасттарин баҳоро гирифт.
Роналду ба ҳайси ҳамлагари марказӣ дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад ва тамоми 90 дақиқа бозӣ кард. Дар ин бозӣ португалӣ гол зад, аммо аз офсайд.  Холи ниҳоии WhoScored 5,9 аст. Давид де Хеа 6,2, ҳимоятгарони марказӣ Гарри Магуайр ва Виктор Линделёф ҳар кадом 6,3 хол гирифтанд. Баландтарин хол аз Энтони Эланги (7,1) аст.
Бояд гуфт, ки “Девҳои сурх” аз рақиби Сан Себастянии худ дар бозии аввали Лигаи Аврупо  бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 59-ум аз пеналтӣ нимҳимоятгар Брайс Мендес ба самар расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив