LIVE

Месси рекорди Лигаи Чемпионҳоро дар бозӣ бо «Маккаби» нав кард

Ҳамлагари аргентинии ПСЖ Лионел Месси дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Маккаби» (7:2) баромад кард ва дар натиҷа яке аз рекордҳои мусобиқаро нав кард. Тавре манбаъ қайд мекунад, Лионел Месси куҳансолтарин бозигар дар таърихи Лигаи Чемпионҳо мебошад, ки дар як бозӣ ду гол ва ду ассист (35 солу 123 рӯз) кардааст.  Дар маҷмӯъ, Месси дар ин мавсим дар ҳайати ПСЖ дар тамоми мусобиқаҳо 16 бозӣ анҷом дода, ба задани 11 гол ва 12 партофти головар даст ёфтааст.  Шартномаи ӯ бо бошгоҳи парижӣ то 30 июни соли 2023 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив