LIVE

Месси рекорди Роналдуро шикаст дод

Ҳамлагари аргентинии ПСЖ Лионел Месси голи 672-уми худро бидуни ҳисоби пеналтӣ дар бозии даври 8-уми чемпионати Фаронса бо «Лион» (1:0) зад, хабар медиҳад Stats League Champions дар Twitter.

Гуфта мешавад, ки ҳамлагари аргентинӣ тавонист дар ин нишондод рекорди ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналдуро, ки 671 гол бидуни пеналтӣ задааст, шикаст диҳад. Бояд қайд кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф ба Месси 150 бозии камтар лозим шуд.

Месси аз соли 2021 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад.

Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагари аргентинӣ дар ҳайати ПСЖ дар тамоми мусобиқаҳо 10 бозӣ анҷом дода, ба задани 5 гол ва 7 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив