LIVE

Буҳрони Месси ва ПСЖ дар Фаронса идома дорад

ПСЖ дар бозии даври 18-уми чемпионати Фаронса дар меҳмонӣ бо дастаи «Лорян» мусовӣ (1:1) кард.
Ҳамлагари парижӣ Лионел Месси тамоми 90 дақиқаро дар майдон гузаронида, ягон амали хотирмон надошт. 
Аргентинӣ дар Лигаи 1-и Фаронса 11 бозӣ анҷом дода, танҳо як гол задааст. Ягона зарбаи ҳадафраси худро ситораи футбол ба дарвозаи “Нант” (3:1) ба қайд гирифтааст. 
Силсила бозиҳои  бидуни голи ин ҳамлагар дар чемпионати Фаронса ба панҷ бозии пайдарпай расид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив