LIVE

Дар сурати омадани Роналду Месси тарки ПСЖ мекунад

Ҳамлагар Лионел Месси дар бораи боқӣ мондани худ дар ПСЖ шубҳа дорад. Аргентинӣ ҳушдор додааст, ки  агар парижиҳо Криштиану Роналдуро бихаранд, ӯ тарки даста мекунад. Дар ин бора  El Nacional хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Роналду ба нақшаҳои «Манчестер Юнайтед» бовар надорад ва омодааст дастаи худро иваз кунад. Президенти "ПСЖ" аллакай бо португалӣ тамос гирифта, ба ӯ пешниҳоди  ҳамкорӣ кардааст. Криштиану зид нест, ки дар якҷоягӣ бо Лионел Месси дар ҳайати парижиҳо бозӣ кунад, аммо ба аргентинӣ ин интихоб маъқул нест.

Қайд карда мешавад, ки президенти ПСЖ ба Лионел Месси дар бораи дар тобистон тарки даста карданаш ҷавоби рад додааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Мессии 34-сола дар ҳайати ПСЖ дар тамоми мусобиқаҳо 31 бозӣ карда, ба задани 9 гол ва 13 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив