LIVE

ПСЖ ба Месси шартномаи нав пешниҳод дорад

«Пари Сен-Жермен» дар бораи шартномаи нави Лионел Месси кор карда истодааст. Дар ин бора Адриан Гренйе хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ПСЖ ба ҳамлагари аргентинӣ то соли 2024 бо тамдиди эҳтимолии як мавсими дигар шартнома пешниҳод кардааст. Шартҳои молиявии созишнома низ баррасӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Месси аз соли 2021 дар ПСЖ бозӣ мекунад. Шартномаи феълии Месси бо парижиҳо то соли 2023 эътибор дорад. 

Месси дар мавсими имсола дар Лигаи якуми  Фаронса 11 бозӣ карда, ба задани 6 гол ва 9 партофти головар даст ёфтааст. Вай инчунин дар се бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ду гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив