LIVE

Зидан дар бораи овозаҳои Ҷоми ҷаҳон чӣ мегӯяд?

Сармураббии собиқи тими “Реал Мадрид” Зинедин Зидан дар бораи танқиди Ҷоми ҷаҳони футбол дар соли 2022 дар Қатар изҳори назар кард.

«Ман фикр мекунам, ки мо бояд баҳсро як сӯ гузошта, ба бозӣ ва Ҷоми ҷаҳон аҳамият диҳем. Дар ҳар сурат, чизе бигӯем, ҳеҷ гоҳ одилона нахоҳад буд, ҳеҷ гоҳ дуруст нахоҳад буд ва ҳеҷ гоҳ мувофиқ нахоҳад буд. Аз ин рӯ, мо бояд барои футбол ва мусобиқа ҷой диҳем, то ҳама мухлисон вақтро хуб гузаронанд”,- иқтибос меорад RMC Sport аз Зидан.

Қаблан мухлисон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ба далели бархӯрд бо муҳоҷирони корӣ, табъиз алайҳи занон ва ҳамҷинсгароён борҳо хостори таҳрими ин мусобиқа шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив