Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати дастаи ССКА-1948 дар чемпионати Булғористон ба задани гол даст ёфт. Дастаи Умарбоев дар бозии даври чордаҳуми чемпионати Булғористон дар майдони худ бар тими «Спартак» (Варна) бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Футболбози тоҷик дар ҳайати асосии “артишиҳо” ба майдон баромад ва дар дақиқаи 38-уми вохӯрӣ гол зад. Ин дувумин голи нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон дар ҳайати ССКА-1948 ба ҳисоб меравад.