LIVE

Голи Парвизҷон Умарбоев бо пироҳани "Локомотив"

Ниммуҳофизатгари тими  мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи "Локомотив Пловдив" - Парвизҷон Умарбоев  дар Ҷоми Булғористон муаллифи гол гардид. Дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Булғористон  бошгоҳи "Локомотив Пловдив"  тими "Загоретс"-ро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард ва ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёфт. Ба футболбози тоҷик муяссар шуд, ки голи сеюми дастаашро дар дақиқаи 99-уми бозӣ ба ҳадаф раоснида,  ба даври навбатии мусобиқаи мазкур барорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив