LIVE

Ҷоизаи навбатии футболбози тоҷик

Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон - Парвизҷон Умарбоев, ки дар дастаи «Локомотив» (Пловдив)-и Булғористон бозӣ мекунад, барандаи         Суперҷоми Булғористон дар соли 2020 гардид. Дар бозӣ барои Суперҷом «Локомотив» (Пловдив) бар қаҳрамониин кишвар - «Лудогоретс» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Футболбози тоҷик  дар ҳайати дастаи худ 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.
Ин сеюмин унвонест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати «Локомотив»-и Пловдив соҳиб мешавад. Қаблан футболбози тоҷик ду маротиба Ҷоми Булғористонро ба даст оварда буд.
     Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард. Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев шарафи «Локомотив»-ро аз соли 2016 ҳифз мекунад. Дар муддати чаҳор сол ӯ дар бошгоҳи шаҳри Пловдив беш аз 100 бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив