LIVE

Футболбози тоҷик бо «Локомотив» барандаи Ҷом шуд

Ниммуҳофизатгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки дар ҳайати «Локомотив» (Пловдив)-и Булғористон бозӣ мекунад, бори дуюм барандаи Ҷоми Булғористон  шуд.  
Бозӣ миёни «Локомотив» (Пловдив) бо ССКА (София) бидуни гол хатм шуд. Дар иҷрои силсила зарбаҳои 11 метра тими футболбози тоҷик 5:3 пирӯз гардид.  Умарбоев дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада, то дақиқаи 109-уми вохӯрӣ ҳунарнамоӣ кард. 
Бо ба даст овардани Ҷоми Булғористон дастаи Парвизҷон Уиарбоев имкон пайдо намуд, ки дар даври интихобии Лигаи Аврупо дар солҳои -2020/2021 ширкат варзад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив