LIVE

ПСЖ барои Мбаппе € 400 млн мехоҳад

«Пари Сен-Жермен» омодааст, ки ҳамлагар Килиан Мбапперо ба маблағи 400 миллион евро бифурӯшад», - навиштааст инсайдери португалӣ Антеро Анрике.

Пас аз он ки ҳамлагари фаронсавӣ шартномаи худро бо бошгоҳи парижӣ тамдид кард, баъзе дастаҳо ба Мбаппе таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Килиан Мбаппе аз ваъдаҳои иҷронашудаи роҳбарияти ПСЖ норозӣ аст ва тасмим гирифтааст, ки аллакай дар равзанаи интиқоли зимистона дастаро тарк кунад. Дар баробари ин дастаҳои “Ливерпул” ва “Реал”-и Мадридро довталабони аслии ин бозигар номидаанд. Баъдтар директори варзишии бошгоҳи Париж Луис Кампос ин хабарро рад кард.

Мбаппе дар ин мавсим дар 13 бозии Лигаи Чемпионҳо ва Лига 1 12 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив