LIVE

Боз як бозигари дигари "Челси" бо "Барса" шартнома мебандад

Ниммуҳофизатгари дастаи Челси" - Н'Голо Канте метавонад корномаи варзишии худро дар Испания идома диҳад. "Барселона" ба футболбози 31-солаи фаронсавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ба иттилои манбаъ, Канте яке аз ҳадафҳои трансферии асосии каталонниҳо мебошад.
Қаблан дар расонаҳо маълумоте паҳн шуда буд, ки «Челси» нияти тамдиди шартнома бо Н'Голо Канте надорад, ҳарчанд шартномаи амалкунанда дар охири мавсими 2022/2023 ба охир мерасад. Яке аз далелҳои бошгоҳи лондонӣ осеби нимҳимоятгар аст. Дар айни замон футболбоз ҳамагӣ ду бозӣ анҷом додааст. Ӯ бори охир 14 август ба майдон баромада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив