LIVE

Канте барои бастани шартномаи нав бо «Челси» розӣ нашуд

Ниммуҳофизатгари "Челси" - Н'Голо Канте метавонад тобистони соли оянда тарки даста намояд.  Футболбози фаронсавӣ пешниҳоди охирини бошгоҳи лондониро дар бораи тамдиди шартномааш рад кард ва хостори муомилоти дарозмуддат аст. 
«Челси» ба футболбози 31-сола шартномаи дусоларо бо имкони тамдиди як мавсими дигар пешниҳод кардааст. Канте созишнома ба муҳлати 3+1 мехоҳад. Маҳз чунин шартномаро бо соҳибмулки қаблии даста, Абрамович гуфтугӯ карда буд.
Канте аз соли 2016 дар ҳайати дастаи “Челси” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив