LIVE

Месси дар бозӣ бо "Бенфика" ширкат намекунад

Ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси наметавонад дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Бенфика» ширкат кунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи Париж аргентинӣ бо мушакҳояш мушкилот дорад, ки ба далели ин футболбоз  имрӯз дар тамринҳо ширкат накард.

Ба ғайр аз Месси, парижиҳо наметавонанд ба ҳимоятгари марказӣ Преснел Кимпембе умед банданд. Дар ҳамин мавқеъ Нуну Мендеш ҳам ҷароҳат дорад. Нимҳимоятгар Ренато Сачеш танҳо ҳамин ҳафта метавонад ба тамрини комил шуруъ кунад, аз ин рӯ, ӯ низ аз дархост барои бозии дарпешистода берун мемонад.

Вохӯрии ПСЖ ва Бенфика 11 октябр баргузор мешавад. Бозиро соати 23:50 ТВ Футбол мустақиман пахш месозад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив