LIVE

Месси бар муқобили “Метс” бозӣ намекунад

Хадамоти матбуотии клуб хабар медиҳад, ки ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси дар бозии даври 7 -уми чемпионати Фаронса бар муқобили "Метс" ба майдон намебарояд. Инчунин, дар ин бозӣ ҳимоятгар Серхио Рамос ва нимҳимоятгар Марко Верратти иштирок намекунанд. Тавре гуфта мешавад, Лионел Месси дар бозӣ бо тими "Лион" (2:1) осеб дидааст ва маҳз бо ҳамин хотир дар вохӯрии навбатӣ майдондорӣ намекунад. Рӯзи 21-уми сентябр футболбози аргентинӣ аз ташхис гузаронида шуд, ки он нишонаҳои лат хӯрдани устухонро тасдиқ кард. Ташхиси нави тиббии Месси дар давоми 48 соат гузаронида мешавад. Бозии “Метс” ва ПСЖ имрӯз баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив