LIVE

Бори аввал Рамос “Эл класико”-и Ла Лигаро аз даст медиҳад

Капитани "Реал Мадрид" - Серхио Рамос бо сабаби ҷароҳат дар бозии 30-юми Ла Лига бо “Барселона” бозь намекунад. 
Бори аввал дар корномаи худ муҳофизадгари мазкур дар чемпионати Испания дар “Эл класико” бозӣ намекунад. Аз замони ба “Реал Мадрид” омаданаш дар соли 2005 ӯ аз 47 бозии дар 45-тоаш бозӣ кардааст. Вай қаблан дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо 2010/11 байни “Реал Мадрид” ва “Барселона” (1-1) бозӣ накардааст. Вай инчунин бозии аввали нимфинали Ҷоми Испанияро дар солҳои 2012/13, ки он низ бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расида буд, аз даст дод.
Дар айни замон муҳофизатгари испанӣ аз ҳама бештар дар “Эл класико” (45) иштирок кардааст. Ҷойи дуюмро аз рӯи ин нишондод капитани "Барселона" Лионел Месси (44) ишғол мекунад, ки имрӯз метавонад вориди майдон шавад. Агар ин ҳолат рӯй диҳад, ҳамлагари аргентинӣ бо Рамос баробар мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив