Ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси дар даври охирини чемпионати Испания бо тими “Эйбар” бозӣ намекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти каталонҳо.
Инчунин, Месси бо иҷозати мураббӣ дар тамрини даста ширкат накард. Ёдовар мешавем, ки “Барселона” рӯзи шанбе дар меҳмонӣ бо “Эйбар” бозӣ мекунад.