LIVE

Пирӯзии "Барселона" бар “Эйбар”

Дар бозии даври 9-уми Чемпионати Испания “нилунориҳо” ба меҳмонии “Эйбар” сафар намуданд. Бозии тимҳо дар майдони «Мунисипал де Ипуруа»-и шаҳри Эйбар баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба суди қаҳрамони феълии Ла Лига хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро сегонаи хати ҳуҷум Гризманн, Месси ва Суарес ба самар расонида, пирӯзии “Барселона”-ро таъмин намуданд. Дар айни ҳол “Барселона” бо касби 19 хол садрнишини ҷадвали Ла Лига ба ҳисоб меравад. 
Чемпионати Испания. Даври 9-ум
«Эйбар» (Эйбар) — «Барселона» (Барселона) — 0:3 (0:1)
Голҳо: Гризманн, 13. Месси, 58. Суарес, 66.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив