LIVE

Ҳайати дастаи ПСЖ бар муқобили "Манчестер Сити" эълон шуд

ПСЖ рӯйхати бозигаронеро, ки метавонанд дар бозии даври 2 -юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо "Манчестер Сити" бозӣ кунанд, эълон кард.
Ҳамлагар Лионел Месси, ки бар асари захми зону дар ду бозии парижиҳо ба майдон набаромада буд, имкон дорад, ки бо "Манчестер Сити" бозӣ кунад. 
Дар баробари Месси ҳамчунин нимҳимоятгар Марко Верратти, ки аз 5 сентябр бозӣ намекард, дигарбора ба даста баргашт.
Ҳайати ПСЖ дар бозӣ бар муқобили "Манчестер Сити": Навас, Доннарумма, Летеле, Хакимӣ, Кимпембе, Маркинйос, Дагба, Курзава, Диалло, Керер, Мендеш, Верратти, Паредес, Данилу, Вейналдум, Эррера, Дракслер, Гуйе, Эбимбе, Мбаппе, Икарди, Неймар, Месси.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив