LIVE

Норозигии Томас Тухел аз ҳайати худ

Сармураббии "Пари Сен-Жермен" Томас Тухел дар бораи мушкилоти ҷиддӣ пеш аз бозӣ бар муқобили "Манчестер Юнайтед" дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ҳарф зад.
«Шояд танҳо 11-13 бозингар дар ихтиёри мо бошад. Иштироки  Дракслер ва Маркинос бо "Манчестер Юнайтед"зери шубҳа қарор дорад. Колина Дагба аз ташхиси коронавирус нагузаштанд. Керер якчанд ҳафта маҷрӯҳ шуд. Бернат ва Икарди ҷароҳат бардоштанд. Данило ба назди мо баргашт, аммо ӯ бо Криштиану Роналду дар робита будааст ва  ба ҳамин хотир ӯ бо кормандони тиб сару кор дорад. Верратти дар Италия осеби шадид дид. Мо ба бисёр бозигарон ниёз дорем. Вазифаамон аз он иборат аст, ки иборат аз бозигарони дастрас  ҳайати асосиро таъсис диҳем. Бозии "ПСЖ" ва "Манчестер Юнайтед" рӯзи 20-уми октябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив