LIVE

Динамо ҳам ба дарвозаи Ваҳдат 14-гол зад. Шарҳи даври 19-ум

Даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ин навбат ғайри бозии дастаҳои “Панҷшер”- “Душанбе” ва “Барқчӣ”-“Сарҳадчӣ” дигар ҳамагӣ баргузор гардиданд. Бояд бигуем, ки рақобати дастаҳои “Барқчӣ” ва “Сарҳадчӣ” бо сабаби он барпо нагардид, ки мунтахаби то 17-солаҳои кишвар барои омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии чемпионати Осиё 2023 машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронанд ва то анҷом ёфтани мусобиқаи мазкур рақобатҳои дастаи “Барқчӣ” баргузор намешавад. Сабаби баргузор нашудани рақобати дастаҳои “Панҷшер” ва “Душанбе” то ҳол маълум нест. Серголтарин дидори даври мазкур бо иштироки дастаҳои “Динамо” ва “Ваҳдат” сурат гирифт, ки футболбозони дастаи “Динамо” ба дарвозаи дастаи ваҳдатӣ 14 голи беҷавоб зад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд. 

Саройкамар 6:0 Гулистон
Ҳосилот 3:2 Моҳир
Динамо 14:0 Ваҳдат
Панҷшер – Душанбе
Ҳулбук 1:2 Куктош
Барқчӣ (мавқуф) Сарҳадчӣ 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив