LIVE

Рой Кин "МЮ"-ро дар беэҳтиромӣ нисбати Роналду айбдор кард

Собиқ капитани тими «Манчестер Юнайтед» Рой Кин аз он ки ҳамлагар Криштиану Роналду дар бозӣ бо «Манчестер Сити» (3:6) аз ибтидо то анҷом курсии бозигарони захиравиро зеб дод, норозӣ буд.
«Манчестер Юнайтед» нисбати Роналду беэҳтиромӣ зоҳир мекунад. Ман фикр мекунам, ки ӯ бояд дар ин тобистон дар давраи гузариш ба дастаи дигар мерафт. Ман фикр мекунам, ки мураббӣ набояд ӯро танҳо барои ба курсӣ нишастан дар даста нигоҳ дошта бошад. Вай яке аз бузургтарин бозингарони ҳама давру замон аст ва имкони тарк кардани даста дар ин тобистон дошт. Гуфтан, ки ӯ дигар илоҷе надошт, сафсата аст. Ӯ чор ё панҷ варианти хеле хуб дошт», — гуфтааст Рой Кин.
Роналду дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо ҳашт бозӣ карда, як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив