LIVE

Роналду то ҳол хоҳиши тарки "МЮ" карданро дорад

Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду  то ҳол хоҳиши тарки даста карданро дорад. Manchester Evening News дар ин бора хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Роналду дархости трансфери худро дар тобистон бозпас нагирифтааст ва мумкин аст, ки дар моҳи январ боз барои тарк кардани даста талош кунад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналду дар равзанаи гузаришии тобистона  «Манчестер Юнайтед»-ро тарк  карда,  ба клубе, ки дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад, мегузарад. «Барселона», «Пари Сен-Жермен», «Атлетико Мадрид» ва «Челси»-и Лондон дар рӯйхати имконоти эҳтимолии идомаи карераи португалӣ ном бурда шуданд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив