LIVE

Бозии рӯз: Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Баҳрайн рақобат мекунад

Чемпионати Осиё оид  ба футзал имрӯз дар Кувайт оғоз мешавад. Дар ин мусобиқаи қоравӣ мунтахабҳои 16 кишвар рақобат хоҳанд кард. Дар гурӯҳи "Б"-и Чемпионати Осиё мунтахабҳои Тоҷикистон, Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Туркманистон шомил шуда, барои баромадан ба марҳилаи чорякниҳои нерӯ хоҳанд санҷид. Мунтахаби Тоҷикистон дар якумин дидораш дар чемпионати Осиё бо мунтахаби Баҳрайн бозӣ мекунад. Футзалбозони кишвари мо бори даҳум аст, ки дар марҳилаи чемпионати Осиё иштирок мекунад ва соли 2017 тавонист ба даври чорякниҳоӣ бароянд.  Мухлисон метавонанд бозии дастаҳои Байҳрайн-Тоҷикистонро ба таври мустақим  тариқи Телевизиони "Варзиш" тамошо намоянд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив