LIVE

Нокомии футзалбозони тоҷик аз ҳамтоёни ӯзбеки худ

Дар толори варзишии "Бунёдкор" -и шаҳри Тошканд бозии дӯстона байни тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуд. Вохӯрии мазкур бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт.
Як рӯз пеш аз ин, тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии дӯстона анҷом доданд, ки рақобат бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт.
Бозии дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Ӯзбакистон барои мунтахаби Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати 16-уми футзали Осиё мебошад, ки аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад. Дар чемпионати Осиё дастаи мо дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад, ки рақибонаш дастаҳои мунтахаби футзали Туркманистон, Ветнам ва Уммон маҳсуб меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив