LIVE

Мунтахаби Англия аз дивизиони элитаи Лигаи миллатҳо берун шуд

23-юми сентябр дар варзишгоҳи «Сан-Сиро» (Ҷузеппе Меатса)-и Милан бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Миллатҳо дар гурӯҳи «А» баргузор гардид. Тими Италия дар майдони худ яккачини Англияро қабул кард. Бозӣ  бо хисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид.

Голи ягонаро дар дақиқаи 68-ум Ҷакомо Распадори ба самар расонд.

Мунтахаби Италия 8 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали гурӯҳи 3-юм ба зинаи дуюм баромад. Англия бо ду хол дар марҳилаи гурӯҳӣ аз Лигаи А ба Лигаи В рафт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив