LIVE

Натиҷаи қуръакашии Лигаи миллатҳо

Дирӯз маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳо доир гардид. Баргузории бозиҳои ин марҳила аз 3-юми сентябр то 17-уми ноябри соли ҷорӣ дар назар буда, марҳилаи ниҳоии он  моҳи июни соли 2021 пешбинӣ гардидааст. 3-юми март дар шаҳри Амстердами Ҳолланд маросими қуръакашии Лигаи миллатҳо баргузор гардид. Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот ҳарифони худро пайдо намуданд.  Дар ин маросим 55 мунтахаб, ки қаблан аз рӯи коэффисентҳои UEFA ширкат намуда, 4 гурӯҳи Лигаи А ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта метавонанд. Ғолибони гурӯҳҳои B,С ва D ба дивизиони баландтар мебароянд. Дастаҳое, ки дар Лигаҳои А ва В мақомҳои охирро ишғол мекунанд, ба дивизиони поёнтар мефароянд. Инро  бояд зикр намуд, ки  иштироки фаъол дар Лигаи миллатҳо барои ба даст овардани роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2022 имкон фароҳам меоварад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив