LIVE

Агар Тухел дастаи нав наёбад, маҷбур тарки Британия мекунад

Томас Тухел шояд маҷбур шавад, ки Бритониёро тарк кунад.
"Челси" мутахассиси олмониро рӯзи 7-уми сентябр аз мақоми сармураббӣ барканор кард. Тухел дар наздикии тамрингоҳи Кобҳам зиндагӣ мекунад, дар ҳоле ки духтаронаш дар ин кишвар ба омӯзиш машғуланд. 
Аммо ба навиштаи The Telegraph, агар ба зудӣ дар клуби нав кор наёбад, мураббӣ маҷбур мешавад, ки кишварро тарк кунад.
Тибқи қоидаҳое, ки дар Британияи Кабир ҷорӣ шудаанд, шаҳрванди олмонӣ бидуни шуғл ва иҷозатномаи қайди кор беш аз 90 рӯз дар Бритониё зиндагӣ карда наметавонад. Аммо Ассотсиатсияи футболи Англия то ҳол ин хабарро тасдиқ накардааст.
Сухангӯи Тухел чунин шарҳ дод: "Мо мувофиқи қоидаҳои Бритониё амал мекунем ва ҳама нақшаҳоро барои оянда ислоҳ хоҳем кард. То ҳол ягон қарори ниҳоӣ гирифта нашудааст."
Тухел аз январи соли 2021 сарварии "Челси" буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив