LIVE

«Манчестер Юнайтед» моҳи январ Антуан Гризманнро харидорӣ мекунад

Ҳамлагари «Атлетико Мадрид» Антуан Гризманн, ки аз «Барселона» ба иҷора гирифта шудааст, метавонад дар мавсими зимистон ба бозигари «Манчестер Юнайтед» табдил ёбад. Клуби инглисӣ ба харидории ин футболбози 31-солаи фаронсавӣ боз таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, чунин гузариш метавонад ба вуқӯъ ояд, агар "Атлетико" ва "Барселона" баҳси худро дар бораи мавқеъи Гризман ҳал накунанд. “Атлетико” танҳо як маротиба ба Антуан иҷозат дод, ки дар ин мавсим зиёда аз 30 дақиқа бозӣ кунад.  Агар ҳамлагар шумораи муайяни дақиқаҳоро бозӣ кунад он вақт клуби мадридиӣ ба “Барселона” 40 миллион евро пардохт созад. "Барселона" омодааст, ки  "Атлетико"-ро барои вайрон намудани қойдаи шарнома ба суд бидиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив