LIVE

Месси, Мбаппе ва Неймар ба ПСЖ ғалаба оварданд

Бозии даври 2-юми сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо миёни «Маккаби»-и Исроил ва «ПСЖ»-и Фаронса баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии парижиҳо бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгари мизбонон Тяронне Чери ҳисобро боз кард. Пас аз 13 дақиқа, ҳамлагари аргентинии ПСЖ Лионел Месси мувозинатро дар бозӣ барқарор кард. Килиан Мбаппе меҳмононро ба пеш баровард ва дар охири вохӯрӣ Неймар бо гузоштани ҳисоби ниҳоӣ бартарии ПСЖ-ро мустаҳкам кард. Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта “Маккаби”-и Ҳайфа аз тими “Бенфика”-и Португалия бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. ПСЖ бо «Ювентус» бозӣ карда, бар итолиёвиҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив