LIVE

Барои чӣ Теллес аз "МЮ" рафт?

Ҳимоятгари барзилӣ Алекс Теллес гуфт, ки барои чӣ тарки  «Манчестер Юнайтед» намуда, ба иҷораи  «Севиля» рафт.

"Агар гӯям, ки ба Севиля  барои Ҷоми Ҷаҳон нарафтаам, дурӯғ мегӯям. Ман аҳамияти бозӣ карданро мефаҳмам. Медонам, ки тими миллии Бразилия маро назорат мекунад, аз ин рӯ ман бояд бештар бозӣ кунам. Дар "Манчестер Юнайтед" имкониятҳои зиёде барои нишон додани худро нахоҳам дошт", - иқтибос меорад суханони Теллесро Manchester Evening News.

Теллеси 29-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Севиля” чаҳор бозӣ анҷом дода, як гол ва як ассист  анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив