LIVE

Мунтахаби Англия дарвозабони асосиашро аз даст дод

Sky Sports хабар медиҳад, ки дарвозабони «Эвертон» ва мунтахаби  Англия Ҷордан Пикфорд дар тамринҳо ҷароҳат бардошт.

Ба иттилои манбаъ, футболбоз аз пояш осеб дидааст. Ӯ дар бозии чемпионати Англия бо «Ливерпул» (0:0) ҷароҳат бардошта буд. Давраи барқароршавӣ барои дарвозабон тақрибан як моҳ хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, ӯ маҷбур мешавад, ки дар бозиҳои Лигаи Миллатҳо бар зидди Италия (23 сентябр) ва Олмон (26 сентябр) ба Англия кумак накунад.

Пикфорди 28-сола аз соли 2017 дар тими мунтахаби Англия баромад мекунад. Дар маҷмуъ, ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 45 бозӣ анҷом дода, ба дарвозаи худ 34 гол сар додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив