LIVE

“Ливерпул” бе муҳофизатгар монд

Муҳофизатгари тими миллии Англия ва бошгоҳи “Ливерпул”- Ҷо Гомес ҷароҳати ҷиддӣ бардоштааст. Дар ин бора Sky Sports хабар додааст. 
Сармураббии мунтахаби Англия - Гарет Саутгейт гуфт, ки ҳоло дақиқ гуфта наметавонад, ки ин захм чӣ гуна ҷиддӣ аст. Муҳофизатгар маҷбур мешавад, ки зонуашро аз ташхис гузаронад ва дар он сурат чизе гуфтан мумкин мешавад.
Феълан тими миллии Англия дар Лигаи Миллатҳо дар ҷои сеюм қарор дорад.  Англия имрӯз  бо Ирландия бозии дӯстона анҷом медиҳад ва дар Лигаи Миллатҳо бошад, бо Белгия рӯзи 15-уми ноябр ва бо Исландия рӯзи 18-уми ноябр мубориза мебарад.
Мушкилоти асосиро “Ливерпул” дорад, ки ин сеюмин муҳофизатгари тими мазкур мебошад, ки ҷароҳат мебардорад.  Қаблан  Вирҷил ван Дайк ва Трент Александер-Арнолд низ ҷароҳат бардошта буданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив