LIVE

Футболбози норвегиро барои дар Русия монданаш ба мунтахаб даъват накарданд

Нимҳимоятгари тими миллии Норвегия ва дастаи «Ростов» Маттиас Норманн аз ширкат дар бозиҳои тими миллии кишвар маҳрум шуд.

Ин тасмимро сармураббии норвегиягиҳо Столе Солбаккен қабул кардааст. Вай аллакай футболбозро огоҳ кардааст, ки ӯро ба ҷамъомади навбатии тамринӣ даъват намекунанд.

Даъват нашудани футболбоз дар он аст, ки ӯ тасмим гирифтааст дар Русия бимонад.

Дар ҳисоби Норман 12 вохӯрӣ  ва як гол дар яккачини Норвегия сабт шудааст. Бояд қайд кард, ки 24 сентябр норвегиягиҳо дар Лигаи Миллатҳо бо тими Словения бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив