LIVE

РАСМАН: Мартин Эдегор тарки "Реал" намуд

Дафтари матбуоти бошгоҳи "Арсенал" хабар медиҳад, ки нимҳимоятгари "Реал Мадрид" Мартин Эдегор  бо "Арсенал"-и Лондон шартнома баст. Футболбоз дар ҳайати "тӯпчиён" таҳти рақами 8 бозӣ мекунад. Қаблан маълум шуд, ки "канонирҳо" барои ин футболбози 22-сола тақрибан 35 миллион евро пардохт мекунанд. Ӯ қисми дуюми мавсими гузаштаро дар "Арсенал" ба иҷора гузаронида,  дар 20 бозӣ  ду гол ва ду партофти головар анҷом додааст. Аз соли 2014 Эдегор ба тими миллии Норвегия даъват мешавад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив