LIVE

Мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Русия дидори рафиқона доир мекунанд

Аз манбаъҳои Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (УФУ) иттилоъ доданд, ки музокирот оид ба бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Ӯзбакистон дар моҳи сентябри соли 2022 идома дорад, вале то ҳол ба мувофиқа нарасидааст.
Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ, тими миллии Русия дар моҳи сентябр ду бозӣ анҷом медиҳад, ки яке аз рақибон тими Эрон хоҳад буд. дуюмин рақиби мунтахаби Русия ин тими миллии Ӯзбекистон шуда метавонад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки русҳо имкони баргузор намудани бозиҳо бо кишварҳои аврупоиро надоранд. Бо қарори УЕФА Русия дар мавсими солҳои 2022/23 дар мусобиқоти Аврупо ширкат намекунад ва ин тими миллӣ аз ҳақӣ иштирок дар мусобиқаи Лигаи Миллатҳои Аврупо маҳрум карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив