LIVE

Расман: Полша ба финали бозиҳои гузаришӣ баромад

Мутобиқи қарори баровардаи ФИФА тими мунтахаби Лаҳистон (Полша) метавонад дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 вориди майдон шавад.
Кумитаи марказии Федератсияи байналмилалии футбол дастаи мунтахаби Русияро аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳо маҳрум намуд. Аз ин хотир, мунтахаби Полша метавонад мустақиман ба даври ҳазфии марҳилаи интихобӣ роҳ ёбад. Дар бозии ниҳоии марҳилаи гузаришӣ мунтахаби Полша бо ғолиби ҷуфти Шветсия ва Чехия вориди майдони набард хоҳад шуд.
Қарори дур намудани тими миллии Русия аз идомаи рақобатҳо аз тарафи ФИФА ва УЕФА дар охири моҳи феврал қабул шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив