LIVE

"Манчестер Юнайтед" бо гузашти ҳар давр қавитар мешавад

"Манчестер Юнайтед" бо гузашти шаш даври рақобатҳои ПЛА аз эҳёи дигарбораи худ дарак дод. Ё тактикаи мураббигии Эрик тен Хаг кор медиҳад ва ё натиҷаи трансферҳои охири ин даста, ки ҳатто ба 100 млн футболбози нав оварданд. Дастаи МЮ бар силсилабозиҳои бидуни бохти "Арсенал" нуқта гузошт, ки дастаи лондонӣ дар панҷ даври чемпионати Англия ягон маротиба ба шикаст рӯ ба рӯ нашуда буд. Эрик тен Хаг баъди бозӣ рақобати дастаашро муқобили садрнишини ҷадвали умумии ПЛА чунин шарҳ дод.

"Мо хурсандем аз ғалаба ва бозӣ бар зидди дастаи воқеан хуб. Рақиб хуб бозӣ кард. "Арсенал" қодир аст, ки мушкилиҳои дастаашро зуд ҳал кунад. Бояд иқрор шавам, ки дастаи мо "Арсенал"-ро бо кӯмаки руҳияи манчестерӣ бурид"-гуфтааст Эрик тен Хаг.  
Футболбози нави ин даста Антони, ки голи нахустианшро дар ин бозӣ ба ҳадаф расонид, ҳамакнун дар фазои даставии "девҳои сурх" сару садо барпо мекунад. Манчестер бо оне, ки "Арсенал"-ро шикаст дод, вале ҳамоно дар мавқеи панҷуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад ва "Арсенал" ҳолоҳам дар мавқеи якум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив