LIVE

Премйер Лига беҳтарин голро эълон кард

Футболбози аргентинии "Тоттенхэм" -и Лондон Эрик Ламела дар мавсими навбатии Премйер Лигаи Англия зеботарин ва аҷибтарин голро ба самар расонид.  Дар ин бора хадамоти матбуотии Чемпионати Англия хабар дод. Голи Ламела аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ беҳтарин голи мавсими анҷомёфта гардид ва соҳиби ҷоизаи инфиродӣ шуд. Ламела ин зарбаи зебои худро ба дарвозаи дастаи дигари лондонӣ “Арсенал”  анҷом дод.  Эрик зимни иҷрои як ҳаракати мураккаби техникӣ ба задани гол муваффақ омад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив