LIVE

Карим Бензема беҳтарин бозигари УЕФА дар мавсими гузашта

Дар шаҳри Истанбул қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2022/2023 баргузор шуд. Инчунин дар ин чорабинӣ ҷоизаҳо аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта тақдим карда шуданд. 
Ҳамлагари фаронсавии тими «Реал Мадрид» Карим Бензема аз ҷониби УЕФА беҳтарин бозигари мавсими солҳои 2021/2022 эълон шуд. Футболбози 34-сола дар мавсими гузашта бо тими мадридӣ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва қаҳрамонии Испания гардид.
Бензема дар тамоми мусобиқаҳо 46 маротиба озими майдон гардида, 44 гол задааст. Ҳамзамон дар ҳисоби ҳамлагари фаронсавӣ 15 партфоти головар низ дарҷ шудааст. 
Ҳамлагар аз тобистони соли 2009 дар бошгоҳи шаҳри Мадрид бозӣ мекунад ва аз “Лион”-и Фаронса ба “Реал Мадрид” гузашт. Бензема инчунин дар ҳайати тими миллии Фаронса дар 97 бозӣ, 37 гол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив