LIVE

Бензема-беҳтарин бозигари Лигаи чемпионҳо!

Ҳамлагари тими "Реал Мадрид" Карим Бензема беҳтарин бозигари Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2021/2022 эълон шуд.

Бензема бо 15 гол дар 12 бозӣ нишонзани беҳтарини мусобиқа гардид. Дар баробари ин аз 15 гол 10-тоашро дар даври плей-офф ба самар расонидааст. Инчунин дар ҳисоби ҳамлагари 34-солаи фаронсавӣ як ассист сабт шудааст.

Масофаи миёнае, ки Карим дар як вохӯрӣ тай кардааст, 10,13 километрро ташкил медихад. Суръати баландтарине, ки Бензема дар бозиҳои Лигаи Чемпионҳо нишон додааст, 32 км/соат аст.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳои мавсими 2021/2022 «Реал Мадрид» бар «Ливерпул» бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро аз ҳайати дастаи “шоҳона” ҳамлагари бразилӣ Винисиус Жуниор ба самар расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив