LIVE

Вейналдум "Рома"-ро дар бозиҳои оянда кӯмак карда наметавонад

Бозигари ҷадиди «Рома» Жоржинйо Вейналдум барои як муддат ба майдон баромада наметавонад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи итолиёвӣ, бозигар дар ҷараёни тамрини навбатӣ осеб бардоштааст.
Муҳлати барқароршавии намояндаи Нидерландия номаълум боқӣ мемонад. Дар ояндаи наздик бозигар аз ташхис гузаронида мешавад. 
Вейналдумро «Рома» аз ПСЖ ба иҷора гирифт.
Хабар дода шуда буд, ки "Рома" ҳаққи харидории бозигарро дорад. Аммо, агар клуби шаҳри рим дар мавсими солҳои 2023/2024 дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ кунад. Тибқи гузоришҳо, ПСЖ 40% маоши Вейналдумро пардохт мекунад.
Шартномаи Вейналдум бо ПСЖ дар охири мавсими солҳои 2023/2024 ба охир мерасад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив