LIVE

“ПСЖ” бозингарро аз “Барселона” рабурд

Нимҳимоятгар Жоржино Вейналдум бо клуби “Пари Сен-Жермен” шартнома мебандад, менависад De Telegraaf.
Бино ба иттилои манбаъ, футболбози ҳолландӣ дар клуби нав 10 миллион евро ба даст меорад. Созишномаи Вейналдум бо парижиҳо то соли 2024 баста мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Барселона” нимҳимоятгарро аз ташхиси тиббӣ мегузаронад.  Ин гуфтаҳоро сармураббии “Барселона” - Роналд Куман ва капитани даста Лионел Месси низ тасдиқ кардаанд, аммо “ПСЖ” дар мавриди ба даст овардани Вейналдум пешдастӣ кард.  Вейналдум соли 2016 аз “Нюкасл Юнайтед” ба “Ливерпул” пайваст ва қаблан дар тимҳои “ПСВ” ва “Фейеноорд” бозӣ мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив