LIVE

Вейналдум дастаи навашро пайдо кард

Нимҳимоятгари "Ливерпул" Ҷорҷинио Вейналдум, ки дар равзанаи трансферии тобистона дастаро тарк мекунад, эҳсосоти худро нақл кард. 
“Ман ҳоло бо касе шартнома ба имзо нарасонидаам. Ҳама медонанд, ки дар футбол ҳама чиз рӯй дода метавонад. Ҳоло вазъ чунин аст, ки 1 июл ман дигар бозигари “Ливерпул” нахоҳам шуд. Мо мебинем, ки дар ду ҳафтаи оянда чӣ мешавад ", - гуфт Вейналдум. 
Ин дар ҳолест, ки “ПСЖ” бо Ҷорҷинио Вейналдум шартнома бастанист. Тибқи иттилои Le10Sport, парижиҳо ба зудӣ бо ин футболбоз шартнома хоҳанд баст. Аз ҷониби намояндаи "Барселона" ҳанӯз ба Вейналдум пешниҳод  наомадааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив