LIVE

“Бавария” ва “Реал” дар талоши бозигари Боруссия

Нимҳимоятгари «Боруссия» Мёнхенгладбах Флориан Нойхаус шояд охири мавсим дастаро тарк кунад.
Тибқи иттилои Sky Germany, футболбози 23-сола худро дар як бошгоҳи беҳтарини Аврупо дидан мехоҳад.  Боруссия хоҳиши ҷудо шудан аз Флорианро надорад, зеро шартнома миёни ҷонибҳо то соли 2024 эътибор дорад. Вале даста омода аст, ки футболбозро танҳо ба андозаи ҷубронпулие, ки дар созишнома пешбинӣ шудааст, раҳо кунад.   
 Аз ҷониби дигар «Бавария» ва «Реал» ба ин бозигар мароқ зоҳир намудаанд ва омодаанд, бо ӯ шартнома имзо кунанд.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив