LIVE

"Реал" ба хотире, ки Мбаппе бо ПСЖ шартнома баст, худро намебахшад

"Реал Мадрид" ва Ла Лига ҳолоҳам думболи қазияи тамдиди шартномаи Килиан Мбаппе бо ПСЖ сарсону саргардонанд. Ла Лига рафтори ПСЖ-ро доир ба тамдиди шартномаи Мбаппе ғайриқонунӣ мехонад ва бар он назар аст, ки дастаи парижӣ дар ин маврид қоидаҳои Фейр-плейро  вайрон кард ва бояд муҷозот карда шавад. Чанде пеш Ла Лига ба додгоҳ нисбати ин амали ПСЖ шикоят бурда буд ва ҳаминрӯз аллакай қарори суд нисбати ин мавзӯъ эълон гардид. пойгоҳи хабарии Get French Football News хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Париж шикояти испаниҳоро беасос хонд ва даъвои судии онҳоро рад кард.  Созмони футболи Испания хостори лағви қарордод дар робита ба иттиҳоми нақзи қоидаҳои Фейр-плей  шуд, аммо ин амалкарди онҳо дар ниҳоят рад гардид. Додгоҳ муайян кард, ки шартномаи Мбаппе зарари ҷиддӣ ва мустақим-ро дар бар намегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив