LIVE

Килиан Мбаппе бо мусоҳибаи худ раҳбарони ПСЖ-ро ранҷонид

Килиан Мбаппе зимни мусоҳибаи анҷом додааш дар бораи хоҳиши ба “Реал Мадрид”рафтан ва дар бораи хоҳишаш дар мавриди додани иҷозат барои тарки даста намудан ҳарф задааст.  AS дар Испания менависад, ки Мбаппе ин мусоҳибаро бидуни розигии клуб додааст. Он чизе ки футболбоз гуфтааст, боис ба ранҷиши раҳбарони ПСЖ  гаштааст. Зеро онҳо умеди тамдиди шартнома бо Килианро аз даст намедиҳанд.
Суханони Килиан Мбаппе метавонад ба муносибати на танҳо соҳибмулкон, балки мухлисони ПСЖ низ таъсир расонад. Онҳо қаблан низ нисбати амали ҳамлагар, ки дар васоити ахбори омма дар бораи хоҳиши тағйири клуб сухан карда буд, норозигӣ баён карда буданд. Ҳоло норозигии мухлисон бешубҳа шиддат мегирад.
Килиан Мбаппе ҳақ дорад то санаи 1-уми январ бо як клуби хориҷӣ шартномаи пешакӣ имзо кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив